Паёми таслияти Раҳмон ба раиси ҷумҳӯри Туркия
(last modified Tue, 15 Nov 2022 05:33:19 GMT )
Ноябр 15, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳмон ба раиси ҷумҳӯри Туркия

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои туркияии худ куштаву захмӣ шудани афрод дар паи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Истанбулро таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар робита бо ҳамлаи террористӣ дар Истанбул ба Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳӯри ин кишвар паёми таслият ирсол кард .
Дар паёми раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ин робита омадааст : Бо андӯҳи амиқ хабари талафоти ҷонӣ ва теъдоди зиёди захмӣ бар асари инфиҷор дар Истанбулро дарёфт кардам .
Ба Шумо, мардуми дӯсти Туркия ва бастагону дӯстони қурбониёни ин иқдоми террористӣ самимона таслият иброз мекунам ва барои ҳамаи қурбониён орзӯи беҳбудии комил дорам .

Бештар бихонед :