Тавлиди 23 ҳазор тон моҳӣ дар Тоҷикистон
-
Мудири анҷумани шилоти Тоҷикистон аз камбуди 410 мутахасис дар 372 ширкати парвариши моҳӣ дар ин кишвар хабар дод
23 ҳазор тон моҳӣ дар 9 моҳи имсол дар Тоҷикистон парвариш дода шудааст.
Ба гузоришир Садои Хуросон ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 456.9 тон афзоиш доштааст.
Бар асоси эъломи Вазорати зироати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 372 ширкат ва истахри шилот то масоҳати 2744 гектор вуҷӯд дорад, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 9 мазраъа бештар ва 29 гектор афзоиш ёфтааст.
Барномаи тавсиаи шилоти Тоҷикистон барои соли 2018-2022 дар ин кишвар дар ҳоли иҷро аст, ин барнома заминаи мусоидеро барои тавсиаи санъати шилот дар Тоҷикистон эҷод кард.
Мудири анҷумани шилоти Тоҷикистон аз камбуди 410 мутахасис дар 372 ширкати парвариши моҳӣ дар ин кишвар хабар дод.
Миралӣ Наимов гуфтааст, ки бо вуҷӯди афзоиши тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон таи солҳои ахир ҳанӯз ҳам дар ин бахш ба шохиси матлуб даст наёфтаанд.
Аз дидгоҳи вай яке аз мушкилоти асосии дар ин бахш камбуди 410 мутахасис дар 372 ширкати шилот аст зеро бо вуҷӯд фориғутаҳсил шудани солона 15 то 20 донишҷӯ дар ин тахасус ба далели поин будани дастмузд аксари ин афрод дар ин бахш фаолият намекунанд.
Бештар бихонед:
- Афзоиши мизони парвариши мурғу моҳӣ дар Тоҷикистон
-
Ифтитоҳи маҷмааи парвариши моҳӣ дар минтақаи Суғди Тоҷикистон дар ояндаи наздик
-
Сармоягузории 5 миллион сомонӣ дар парвариши моҳӣ дар Тоҷикистон