Душанбе мизбони руасои ниҳодҳои иттилооти молии ИДМ
Бистуякумин нишасти Шурои руасои ниҳодҳои иттилооти молии кишварҳои мустақили ИДМ ба мизбонии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст, ки ба сурати таркибӣ баргузор шуд, намояндагони ниҳодҳои иттилооти молии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳузур ёфтанд.
Мақомоти кишварҳои мазкур натоиҷи фаъолияти Шурои руасои ниҳодҳои иттилооти молии кишварҳои узв тайи 10 соли ахирро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода ва бо гузориш дар мавриди амалкарди маркази байналмилалии омӯзиш ва равиши шиносии назорати молӣ, ки нақши аслитарин созмони омӯзишӣ дар заминаи мубориза бо қонунисозӣ (пулшӯӣ) даромадҳои ҷиноӣ ва таъмини молии терроризм иҷро мекунад, ошно шуданд.
Ҳамчунин ширкаткунандагони ин нишаст пешнависи барномаи иқдомоти ин шуро барои соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Шоёни зикр аст, ки тасмими ташкили Шурои руасои ниҳодҳои иттилооти молии кишварҳои мустақили Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) зимни нишасти сарони ин созмон дар таърихи 5 декабри 2012 дар Ишқобод гирифта шуда буд.
Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон узви ин шуро мебошанд.
Ҳадафи роҳбурдии эҷоди ин шуро тазмини ҳифозати шаҳрвандон, ҷомеа ва кишварҳои узв дар баробари таҳдидоти ношӣ аз пулшӯӣ ва даромадҳои ҷиноӣ ва ҳимояти молӣ аз терроризм унвон шудааст.
Бештар бихонед: