Дар вилояти Хатлон 5 нафар аз 7 то 15 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд
(last modified 2016-12-10T14:47:09+00:00 )
Декабр 10, 2016 19:47 Asia/Dushanbe
  • Дар вилояти Хатлон 5 нафар аз 7 то 15 сол аз озодӣ маҳрум  шудаанд

Дар қаламрави вилояти Хатлон як нафар бо ҷурми тарафдорӣ ва 4 нафар қабл аз иҷрои амалҳои террористӣ дастгир ва ба мӯҳлати аз 7 то 15 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Ба навиштаи ҳафтаномаи « Хатлон»  Маҳмадисо Алимаҳмадов, зодаи ноҳияи Шаҳритус ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия  буданаш бо  Муҳаммад ном ҷавоне ошнои пайдо намуда, ғояҳои экстремистӣ, террористии ӯро пазируфтааст. Чуноне, ки  аз рафти  мурофиаи судӣ  баромадааст, Муҳамадисо  саҳифаи худро дар «Одноклассник» кушода, ғояҳои Давлатии Исломии Ироқу Шомро таблиғ  мекардааст.

Ӯ бо  ҷангҷӯёни ДИИШ тариқи интернет дар шабакаи «Одноклассник»  сӯҳбат намуда,  терраризмро ҳамчун ҷиҳод барои ислом пазируфтаву  сабту наворҳои ваҳшиёнаи онҳоро бо маводҳои таблиғотии ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» ба дигарон паҳн кардааст.

Инак, бо қарори Суди вилояти Хатлон Маҳмадисо Алимаҳмадов 7 сол аз озодӣ маҳрум  гардид.

Дар баробари ин парванда,  Суди вилояти Хатлон  3 нафар сокини ноҳияи Хуросон  ва як нафар сокини шаҳри Кӯлобро аз 12 то 15 соли равонаи зиндон намуд.

Ба навиштаи нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон,  муттаҳамон ҳангоми  дар шаҳри Самараи давлати Руссия буданашон нақшаи таркондани як  муҷассама  ва идораҳои  мақомотҳои қудратиро  дар ноҳияи Хуросон ва муҷассамаи Ленинро  дар шаҳри  Кӯлоб доштаанд.

Мебояд гуфт,  аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пайвастани ҷавонон ба гурӯҳои экстремистӣ нигаронкунанда мебошад.Моҳҳои ахир, қисме аз онҳо бо талошҳои масъулон ва волидайн ба Ватан бозпас оварда шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли равон зимни суханрониаш  дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба ин масъалаи доғ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир ва таъкид карда буд:  Дар вилоят даст задан ба ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистӣ дошта низ афзуда истодааст. Ҳоло нисбати 435 нафар сокинони вилоят барои иштирок дар амалёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст. Аз вилоят 46 оила иборат аз 160 нафар  дар амалётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок карда истодаанд. Ҳатто аз як оила 7 нафар шахсони калонсол ва 7 нафар кӯдакони ноболиғ дар Сурияву Ироқ қарор доранд.

Инак, баъди суханронии Президенти кишвар ва тағйир хурдани вазъ дар Сурияву Ироқ то ҷое шомилшавии ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯ ба пастравиро дорад.

Коршиносони маҳаллӣ ба он боваранд, ки дар мадди аввал шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои террористӣ ва экстремистӣ аз бесаводӣ ва надоштани иродаи қавӣ ибтидо мегирад. Дар қатори бесаводӣ ва сустиродагӣ набудани ҷои кори мувофиқ ва маоши кофӣ дар Ватан  яке аз сабабҳои асосии тела додани ҷавонон ва ҳатто оилаҳо ба  гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст.