Ноябр 29, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
  • Касби 19 медал дар Ҷоми озоди шинои Қазоқистон тавассути варзишкорони тоҷик

Панҷумин Ҷоми озоди Ҷумҳурии Қазоқистон дар риштаи шино дар миёни устодон дар шаҳри Алмато баргузор шуд, ки варзишкорони Тоҷикистон 19 медал касб карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, тими Тоҷикистон бо се узв – Аҳмадҷон Умаров дар миёни шиногарони бособиқаи зери 69 сол, Шӯҳрат Гадоев дар байни шиногарони зери 50 сол ва Екатерина Бардачёва дар байни ҷавонони зери 24 сол ширкат карданд .
Мусобиқот дар панҷ риштаи шино баргузор шуд ва Аҳмадҷон Умаров дар байни устодони варзиш чаҳор медали тиллову нуқра касб кард .
Шуҳрат Гадоев дар байни ширкаткунандагони зери 54 сол 7 медал, аз ҷумла 3 тилло касб кард .
Екатерина Бардачёва низ се медали тилло ва як медали нуқра касб кард.
 

 

Барчасп