Касби 19 медал дар Ҷоми озоди шинои Қазоқистон тавассути варзишкорони тоҷик
Ноябр 29, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
Панҷумин Ҷоми озоди Ҷумҳурии Қазоқистон дар риштаи шино дар миёни устодон дар шаҳри Алмато баргузор шуд, ки варзишкорони Тоҷикистон 19 медал касб карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, тими Тоҷикистон бо се узв – Аҳмадҷон Умаров дар миёни шиногарони бособиқаи зери 69 сол, Шӯҳрат Гадоев дар байни шиногарони зери 50 сол ва Екатерина Бардачёва дар байни ҷавонони зери 24 сол ширкат карданд .
Мусобиқот дар панҷ риштаи шино баргузор шуд ва Аҳмадҷон Умаров дар байни устодони варзиш чаҳор медали тиллову нуқра касб кард .
Шуҳрат Гадоев дар байни ширкаткунандагони зери 54 сол 7 медал, аз ҷумла 3 тилло касб кард .
Екатерина Бардачёва низ се медали тилло ва як медали нуқра касб кард.