Ирсоли кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон ба Покистон
(last modified Sat, 03 Dec 2022 04:27:08 GMT )
Декабр 03, 2022 09:27 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон ба Покистон

Бо дастури раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ба Покистон ирсол шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кумакҳои башардӯстона барои кумак ба мардуми Покистон аст, ки дар натиҷаи балоёии табиии селу обхезӣ дар моҳҳои ахир дучори зарарҳои ҷонӣ ва иқтисодии зиёде шуданд.
Кумакҳои башардӯстона шомили маводи ғизоӣ, сӯхт, масолеҳи сохтимонӣ ва маводи беҳдоштӣ ба мизони 5000 тон шомили 300 тон орд, 20 ҳазор литр равғани наботӣ,100 тон гандуми хӯрокӣ, 100 тон биринҷу макарон, 500 тон оби ошомиданӣ, 1500 тон ангиштсанг, 2000 тон семент, 5000 қитъаи санги қабр, 100 метр мукааб тахта ва беш аз 40 тон собун ба арзиши 19 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аст .
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ низ ба дастури Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои башардӯстона ба Покистон ирсол шуда буд .