Декабр 09, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Фаронса
    Тоҷикистон ва Фаронса

Дар таърихи 8 декабр Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Катрин Колонна, вазири Аврупо ва умури хориҷаи ҷумҳурии Фаронса дар Порис дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷонибаи судманд мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

​​​​​Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои мулоқоти расмии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаронса дар моҳи октябри соли 2021 ва муколамаи сатҳи олии дар доираи он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ба манзури татбиқи зарфиятҳои иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ҳарду кишвар таъкид доштанд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳое, ки дар рафти гуфтугӯи телефонии роҳбарони ду кишвар дар моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳокима карда буданд, баррасӣ шуда, дигар масоили дуҷанибаю минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн, хусусан вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марз матраҳ шуд.

 

Барчасп