Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мубориза бо терроризм ва ифротигароӣ
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризм ва ифротигароиро барраси карданд.
Рустам Солӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойоҷн рузи 12 декабр бо Комрон Алиев додситони кулли кишвари маҳали иқомат дар Боку дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши Ховар ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷурму ҷиноят, терроризм ва ифротигароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Равобити дипломатики Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар 29 майи соли 1992 барқарор шуд ва имсол 30-умин солгарди он ҷашн гирифта шуд аз 22 сентябри соли 2007 сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон фаъолият мекунад сафорати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар 23 марти соли 2008 оғоз ба кор кард.
Дар ҳоли ҳозир мабонии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон шомили беш аз 55 қарордод ва мувофиқатнома аст, ки муҳимтарини онҳо муъоҳидаи дусти ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аст, ки дар 16 марти соли 2007 ба имзо расид.