Боздиди сафири Арабистон аз Китобхонаи Миллии Тоҷикистон
-
Вай афзӯд: Дар воқеъ Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бо шукӯҳ сохта шуда ва фазои омӯзишии бисёр дилпазире дорад
Сафирии Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон хостори имзои санади ҳамкории фарҳангии дукишвар шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Валид бин Абдураҳмон-Ал-Рашид, сафири Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон аз китобхонаи Милии Тоҷикистон боздид кард.
Дар ин дидор ба сафири Арабистон гузориш дар бораи таърихи китоб ва китобдорӣ, эҷоди Китобхонаи Миллӣ, барномаҳои давлати барои тавсиаи китоб ва китобдорӣ дар Тоҷикистон, иқдомоти давлат ба вижа ба манзури густариши фарҳанги китобхонӣ, баргузории конфронсҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ бо мавзӯъи китобхони ва баргузории озмӯни "Фурухи субҳи доноӣ китоб аст" дода шуд.
Ҷумъахони Файзализода, раиси Китобхонаи Миллӣ, ҳам гуфт: 22 маҳали кутуби хориҷӣ ба вижа барои кутуби Арабистони Саъудӣ дар Китобхонаи Миллӣ дар назар гирифта шудааст.
Сафири Арабистон дар Тоҷикистон низ гуфт: Махзани ғаннии Китобхонаи Миллӣ ва баргузории озмӯни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" аз вижагиҳо ва иқдомоти Тоҷикистон барори ҷазби ҳарчӣ бештари мардум барои китобхони аст.
Вай афзӯд: Дар воқеъ Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бо шукӯҳ сохта шуда ва фазои омӯзишии бисёр дилпазире дорад.
У изҳор кард: баргузории озмӯни китобхони барои муттолеъаи бештари насли феъли ҷомеъаи муфид ва ба нафъи ҳар кишваре аст.
Сафири Арабистон дар Тоҷикистон дар идома гуфт: Барои густариши бештари равобит, бояд санади ҳамкори байни китобхонаҳои дукишвар танзҳим шавад.
Ҳамчунин сафири Арабистони Саъудӣ корти ифтихории узвият дар китобхонаи Миллии Тоҷикистонро дарёфт кард.
Бештар бихонед:
- Боздиди сафири Эрон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон +akc
-
Баррасии шикояти мудири пешини Китобхонаи Миллӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон
-
Идомаи баррасии шикояти Назарзода - раиси собиқи Китобхонаи Миллӣ дар додгоҳ