Май 15, 2023 13:27 Asia/Dushanbe
  • Пажуҳишгар ва мудариси Донишгоҳ дар бораи Тоҷикистон, унвон кард: Сафар ба Эрон орзӯи ҳар тоҷикистонӣ аст
    Пажуҳишгар ва мудариси Донишгоҳ дар бораи Тоҷикистон, унвон кард: Сафар ба Эрон орзӯи ҳар тоҷикистонӣ аст

Пажуҳишгари ҳавзаи Тоҷикистон бо таъкид бар алоқаи тоҷикҳо ба Эрон ва шоъирони эронӣ гуфт: Орзӯи ҳар тоҷикистонӣ ин аст, ки як бор ба Эрон сафар кунад.

Нодир Каримиёни Сардаштӣ, пажуҳишгар ва мудариси Донишҳгоҳ дар бораи равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон, меҳмони вижаи сиючаҳорӯмин Намоишгоҳи байнамиллалии китоби Теҳрон гуфт: 23 соли пеш, ки фаъолияти худро дар заминаи мутолеъоти Тоҷикистон оғоз кардам, равобити Эрон ва Тоҷикистон бисёр камранг буд ва мардуми Эрон ин кишварро намешинохтанд.

Каримиён бо ишора ба хати тоҷикӣ ба унвони яке аз мавориди тафовут миёни дукишвар гуфт: Тоҷикистон замоне таҳди таъсири ҳокимияти сиёсии русҳо буд бинобарин ба осонӣ наметавон хати сириликро аз зиндагии онҳо хориҷ кард ҳато талошҳое шуд, ки хати форсӣ, ки ба он  «хати ниёгон» мегӯяндро ҷойгузини хати сирилик кунанд, ҳар чанд намояндагони Маҷлиси ин кишвар, қонуни ҷойгузини хати ниёгонро  тасвиб карданд, аммо ин ҷойгузинӣ  муҳақақ нашудааст.

Вай идома дод: Яке аз иттифоқоте, ки муҷиби ошноии бештари эрониён бо Тоҷикистон шуд эъзоми донишҷӯи доктори ба ин кишвар буд. Тоҷикистон аз назари илмӣ ва таҳсилоти такмилии доктори ва фавқи доктори ба Маркази омӯзиши олии Маскав вобаста буд ва худи ин иртиботи як ҳалқаи илмӣ буд. Каримиён  бо байни ин, ки ду се соли ахир, иртибототи фарҳангӣ ва илмӣ миёни ин дукишвар бисёр хуб будааст, унвон кард: Имсол бо ибтикори масъулони Намоишгоҳ, Тоҷикиситон ба унвони кишвари меҳмони вижаи сиючаҳорумин Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон ҳозир шудааст, ин ҳузӯр ба назари ман интихоби бисёр созандае буд.

Вай идоам дод: Дар ғурфаи ин кишвар, китобҳои ҷаддиди ноширони Тоҷикистон аз ҷумла донишномаи забони тоҷикӣ рунамоӣ шуд. Ҳам чунин адабиёти муъосири Тоҷикистон баъд аз давраи Истиқлол муаррифӣ шуд, ахиран таҳаввуле дар адабиёти муъсири Тоҷикистон эҷод шуда, мардуми Тоҷикистон ба шиддат ба эҳёи фарҳангу тамаддуни гузаштаи худ ба вижа шеъру адабиёт, ки бо Эрон муштарак аст, таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд, бинобарин ба назар мерасад ин пешрафти беназир, муъодили кулли гузаштае аст, ки байни дукишвар гусастагии фарҳагӣ эҷод шуда буд.

Барчасп