Парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон - Эйр” барои аввалин бор аз Душанбе ба Исломобод
Дар таърихи 13 декабр ширкати ҳавопаймоии “Сомон - Эйр” аввалин парвози худро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод.
Дар ояндаи наздик дар чорчӯби барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо “Сомон - Эйр” тасмим гирифтааст то парвозҳои муназзам ба Ҷумҳурии исломии Покистонро роҳандозӣ кунад. Ин амр ангезаи ҷадиде ба тавсеаи равобити дуҷониба байни кишварҳо хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки имсол 30 сол аз барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Покистон мегузарад. Ифтитоҳи масири мустақим дар соли ҷорӣ ба таври мустақим ба тақвияту густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва тавсеаи гардишгарӣ кумак хоҳад кард.
Душанбе ва Исломобод дар як минтақаи замонӣ қарор доранд, ки албатта барои мусофирон бисёр роҳат аст. Муддатзамони парвози Душанбе ба Исломобод 90 дақиқа аст ва парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 800 – 900 анҷом мешавад.