Имзои қарордоди ҳамкории Бонки Миллии Тоҷикистон ва БАТР
(last modified Thu, 15 Dec 2022 07:33:34 GMT )
Декабр 15, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкории Бонки Миллии Тоҷикистон ва БАТР

Қарордоди кумаки молӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) имзо шуд.

Имзои ин мувофиқатнома заминаи мусоидеро барои кумакҳои молӣ дар қолаби «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» фароҳам мекунад.

Илова бар ин, дар чорчӯби барнома, фаъолиятҳои мутааддиде барои иҷрои сиёсатҳои кумакҳои молӣ, барномарезӣ шудааст.

Ин санад кишварҳои узвро роҳнамоӣ мекунад то иқдомоти лозимро дар мавриди масоили ҷинсиятӣ дар ҷиҳати шумӯли молӣ дар чорчӯби фаъолиятҳои танзимкунандаҳо ва сиёсатгузорони бахши молии худ анҷом диҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри 2011 ба узвияти комили ин  иттиҳод барои шумӯли молӣ даромадааст.