Қаҳрамонии варзишкори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
(last modified Sun, 18 Dec 2022 05:28:03 GMT )
Декабр 18, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии варзишкори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
    Қаҳрамонии варзишкори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Варзишкори тоҷик дар мусобиқоти поролефтиниги қаҳрамонии Осиё ба нишони тилло даст ёфт.

Муҳаммадали Мирзоев варзишкори тоҷикистонӣ дар вазни 120 килограм дар мусобиқоти поролефтинги қаҳрамонии Осиё ба медали тилло даст ёфт ва бо задани 194.5 килограм вазн рекордиро дар Осиё ба номи худ сабт кард.

Вай дар ин мусобиқот, ки дар шаҳри Дубай Иморот баргузор шуд дар байни варзишкорони 29 кишвари Осиё мақоми аввалро касб кард.

Муҳаммадали Мирзоев устоди варзиш дар риштаи поролефтинг ва аввални қаҳрамони осиёӣ Федератсияи байналмилалалии поролефтинг дар Тоҷикистон дар байни навҷавонон аст.

Ҳамчунин вай пеш аз ин дар мусобиқоти ҷаҳонии бузургсолон дар Алмато дар вазни 105 килограм дар байни варзишкорони 30 кишвар ба медали нуқра даст ёфт.