Рекорд шикании бесмобиқа дар мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i95692-Рекорд_шикании_бесмобиқа_дар_мубодилоти_тиҷории_Тоҷикистон_ва_Чин
Арзиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 41.3 дарсадӣ, ба як миллиарду 95 миллион доллар расид
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 19, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Чин дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон аст
    Чин дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон аст

Арзиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 41.3 дарсадӣ, ба як миллиарду 95 миллион доллар расид

Ба гузориши Садои Хуросон, нишасти кумитаи фаръии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва минтақаи худмухтори Синҷиянг Уйғури Чин дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин нишаст бо раёсатии Завқи Завқизода вазири тавсиа иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Сон Ҳувангма муовини минтақаи худмухтори Синҷианг Уйғури Чин баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, ҷазби сармоягузориҳои мустақим, густариши тиҷорат, аз ҷумла тавсиаи  содироти коло аз Тоҷикистон ба Синҷианг, афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақл аз тариқи гузаргоҳи марзии Душанбе- Кулма барраси шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст дар бораи масоили ҷазби сармоягузориҳои чинӣ барои аҳдоси бузургроҳи Душанбе ва Кулма, эҷоди ширкатҳои санъатии муштарак ба вижа дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон гуфтугӯ шуд.

Чин дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон аст.

Бештар бихонед: