Декабр 22, 2022 17:26 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти полиси Тоҷикистону Чин

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар заминаи мубориза бо ҷурму ҷиноёт дар дидори мақомоти полиси ду кишвар баррасӣ шуд .

Порлумони Тоҷикистон октябри соли гузашта  тавофуқномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он Чин барои гуруҳи зудамали мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар тангии Вахони вилояти Бадахшони ин кишвар пойгоҳи вижаеро бунёд кунад .
Ҳамчунин ахиран низ дувоздаҳумин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Чин ба сурати маҷозӣ баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳоу Ҷун Тонг-намояндаи Вазорати амнияти умумии Чин аз идораи марказии полиси пойтахти Тоҷикистон боздид ва дар дидор бо  Бароталии Ҳамидзода-раиси ин идора муборизаи муштарак бо ҷурму ҷиноёт, анҷоми иқдомоти пешгирона, тасодуфоту соири масоилро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Ҳамчунин дар бахши дигаре аз ин дидор бар лузуми созмондиҳии ройзаниҳои мутақобили ҳайатҳои Вазорати дохилаи Тоҷикистон ва Вазорати амнияти умумии Чин ва соири мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тараф мавриди таъкид қарор гирифтанд .

 

Барчасп