Декабр 22, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар феҳристи 10 кишвари аввали ҳамкори тиҷорӣ бо Узбекистон

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар феҳристи 10 кишвари аввал дар ҳамкории иқтисодӣ бо Узбекистон будааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси гузориши Идораи омори Узбекистон, Тоҷикистон таи 11 моҳи соли ҷорӣ 463 миллион доллар коло аз Узбекистон харидорӣ кардааст . Русия, Чин ва Туркия се харидори аслӣ ҳастанд, ки Узбекистон 6 миллиарду 600 миллион доллар ба онҳо содирот доштааст .
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистону Узбекистон аз афзоиши мубодилоти коло байни ду кишвар дар солҳои ахир хабар медиҳанд .
Бар асоси ин гузориш дар соли 2018 ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар беш аз 287 миллион доллар, дар соли 2019 дар ҳудуди 362 миллион доллар, дар соли 2020 ҳамкории тиҷорӣ дар ҳудуди 334 миллион доллар ва дар соли 2021 муодили 448 миллион доллар будааст .
Дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷӣ бар асоси иттилооти мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 130 миллион доллар муодили 28 дарсад марбут ба содирот ва 318 миллион доллар муодили 72 дарсад марбут ба воридоти колову маҳсулот аз Узбекистон будааст .
 

 

Барчасп