200 лоиҳа бо сармояи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷро мешавад
Мақомоти давлатии Тоҷикистон аз иҷрои 200 тарҳ дар ин кишвар бо сармоягузории хориҷӣ дар 3 соли оянда хабар доданд.
Мақомоти давлатии Тоҷикистон аз иҷрои 200 тарҳ дар ин кишвар бо сармоягузории хориҷӣ дар 3 соли оянда хабар доданд.
Бино ба ин гузориш, пешбинӣ мешавад то соли 2025 беш аз 200 тарҳи сармоягузорӣ иҷро шавад ва беш аз 82 миллиард сомонӣ (8 миллиарддоллар) танҳо дар зерсохти ин кишвари сармоягузорӣ шавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, интизор меравад ин сармоягузориҳо аз муассисоти молии байналмилалӣ, кишварҳои мухталиф ва ҳамчунин сармоягузории мустақим ҷазб шавад.
Маблағи қарз барои иҷрои пружаҳои давлатӣ бо шароити тарҷеҳӣ ва баландмуддат ҷазб мешавад.
Гуфта мешавад, аз соли 2002 токунӯн беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояхориҷӣ барои Тоҷикистон ҷазб шудааст, ки 60 миллиард сомонӣ, сармоягузории мустақим будааст.
Беш аз 36 миллиард сомонии сармоягузории мустақим аз ин мизон сарфи тавсеаи санъат мешавад.