Декабр 13, 2016 11:04 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Ёров бидуни ҳузури хонаводааш баргузор шуд

Хонаводаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон натавонистанд дар ҷаласаи додгоҳи вай ҳузур ёбанд.

Дар нахустин ҷаласаи додгоҳи муҳокимаи муҷаддади Бузургмеҳр Ёров, ки пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати дохилаи ин ҷумҳурӣ баргузор шуд, ба аъзои хонаводаи вай иҷозаи ҳузур дода нашуд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр таъкид кардааст, ки дар ин ҷаласаи додгоҳ, ки ба раёсати қозӣ Шодмон Ализода баргузор шуд, бо вуҷуди дархости расмӣ аз Додситонии Тоҷикистон, аз ҳузури хонаводаи Ёров ҷилавгирӣ шудааст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, дар ин ҷаласа танҳо Муаззама Қодирова, вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров иҷозаи ҳузур ёфтааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон пеш аз ин ба иттиҳоми ифротигарӣ, барангехтани ихтилофоти милливу динӣ, тавҳин ба раиси ҷумҳурӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Бо ин ҳол вай бори дигар имрӯз ба иттиҳоми тавҳин ба Асомиддин Бобохонзода, раиси додгоҳи қаблӣ ва таҳқири Рустам Тақдирзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон муҳокима шуд.

Ба гуфтаи бародари Бузургмеҳр Ёров, ҷаласаи баъдии муҳокимаи вай ҳафтаи баъдӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп