Интизори афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 то 4 миллиард доллар
Давлати Тоҷикистон афзоиши 140 миллион долларии ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар дар соли ҷориро пешбинӣ кардааст .
Давлати Тоҷикистон интизор дорад, ки қарзи хориҷии ин кишвар дар соли ҷорӣ 140 миллион доллар бештар шавад .
Дар барномаи қарзи хориҷии давлати Тоҷикистон барои соли гузашта ва пешбиниҳои он барои солҳои 2023 - 2024 гуфта шудааст, ки интизор меравад қарзи хориҷӣ аз 3.96 миллиард доллар дар аввали январи соли 2023 ба 4.1 миллиард доллар барои муддати мушобеҳи соли 2024 афзоиш ёбад .
Бо ин ҳол нависандагони ин санад коҳиши нисбати қарзи хориҷӣ ба тавлиди нохолиси дохилӣ аз 41.6 дарсад ба 40.9 дарсадро пешбинӣ мекунанд. Чунин чашмандозе бо интизороти рушди ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилӣ аз 9.53 миллиард доллар дар соли 2022 ба 10.04 миллиард доллар дар соли 2023 муртабит аст .
Бинобар қасди давлати Тоҷикистон дар соли ҷории милодӣ беш аз 300 миллион доллар қарз истифода мешаванд ва барои пардохти бидиҳии хориҷӣ аз буҷет қарор аст ҳудуди 253 миллион доллар тахсис дода шавад .
Банки содироту воридоти Чин, ки Тоҷикистон ба он беш аз як миллиард доллар қарздор аст, ҳамчунон талабкори хориҷии аслии ин кишвар аст . Қарзҳои Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки тавсеаи Осиё, Сандӯқи байналмиллалии пул,Бонки тавсеаи исломӣ ва қарзҳои авроқи баҳодури евро низ қобил тавваҷуҳ аст .
Муассисоти молии байналмилалӣ борҳо ба давлати Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки аз ҷазби вомҳои бидуни фоида худдорӣ кунад .
Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул дар феврали соли 2022 дар як таҳлили муштарак пойдории уарзҳои Тоҷикистон дар мавриди хатари болои ин буҳрон ҳам дар мавриди муомилоти хориҷӣ ва ҳам қарзҳо умумӣ ба таври куллӣ ҳушдор дода буданд .
Дар гузориши ҳазинаҳои умумии Тоҷикистон, ки тавассути Бонки ҷаҳонӣ дар ноябри соли гузашта мунташир шуд, аз сатҳи болои қарзҳо ба унвони яке аз ҷаддитарин масоили осебпазирии ин кишвар ёд шуда, ки Душанбе дар миёнмуддат бо он мувоҷеҳ хоҳад шуд .
Бештар бихонед :