Табрики мутақобили Раҳмон ва Тоқоев ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ
(last modified Sat, 07 Jan 2023 10:23:17 GMT )
Январ 07, 2023 15:23 Asia/Dushanbe
  • Табрики мутақобили Раҳмон ва Тоқоев  ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Қосимжомарт Тоқоев- раиси ҷумҳӯри Қазоқистон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ба якдигар табрик гуфтанд .

Ба гузориши Садои Хуросон, Раҳмон дар паёми худ ба ҳамтои қазоқӣ ва мардуми бародари Қазоқистон ба муносибати ин рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири равобити ду кишвар самимона табрик гуфт ва дастовардҳои ду тараф дар ҷиҳати тақвияту густариши равобити дӯстонаро мусбат арзёбӣ кард .
Дар ин росто ба гуфтаи Раҳмон чорчӯби қонӯнии қобили эътимод ва созукорҳои муассире барои танзими таъомулоти байнидавлатӣ эҷод шуда, ки равобити ду кишвар бар асоси ин пояи мустаҳкам, усӯли тазалзулнопазир иэҳтироми мутақобил ва эътимоду мушорикати роҳбурдӣ имрӯза бо суръати болое дар ҳамаи заминаҳо тавсеа меёбад .
Раҳмон дар бахши дигар ибрози итминон кард, ки мутобиқ бо манофеи асосии мардуми Тоҷикистону Қазоқистон ду тараф ба иртиқои ҳамкориҳои амалии мутақобили сӯдманди худ аз тариқи талошҳои муштарак идома хоҳанд дод .
Қосимжомарт Тоқоев низ зимни табрики ҳамтои тоҷики худ гуфт, ки дар тӯли солҳои гузашта ду кишвар равобити байнидавлатии чандҷонибаву сӯдмандеро эҷод кардаанд, ки ҳамвора дар рӯҳияи мушорикати воқеии роҳбурдӣ тақвият мешаванд .
Раиси ҷумҳӯри Қазоқистон дар идома гуфтугуи боз ва боэътимод дар тамомии сатҳҳо, тавсеаи пӯёи ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин таъомули муваффақи ду кишвар дар арсаи байналмилалиро гувоҳи ин амр донист .
Вай гуфт : Бо гушудани нуқтаи сарнавиштсози ҷадид дар таърихи равобити дуҷониба дубора бар омодагии худ барои ҳамкории муштарак бо шумо барои расондани ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон ба сатҳи болотаре таъкид мекунам .
Тоҷикистону Қазоқистон дар таърихи 7 январи соли 1993 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд .

Бештар бихонед :