Январ 08, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Урдуи ҷудокорони тоҷик дар Австрия
    Урдуи ҷудокорони тоҷик дар Австрия

Панҷ ҷудокори тоҷик барои тамрин ба Миттерсилли Австрия мераванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо талоши Исмоил Муҳаммадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тими ҷудо аз 9 то 16 январ дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо беҳтарин варзишкорони Аврупо тамрин хоҳанд кард.

Комроншоҳ Устопирён, Обид Ҳабибов, Сомон Муҳаммадбеков, Шодмон Ризоев ва Беҳруз Хоҷазода панҷ варзишкоре ҳастанд, ки дар урду ширкат хоҳанд кард.

Маросими омузиши солона дар авоили январ дар Австрия баргузор мешавад ва ҳар сол 600 ҷудокоро аз 45 кишвар ба Миттерсилл меоянд.

 

Барчасп