Январ 10, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон пештар хостори ҳамкорӣ дар бандари Чобаҳор барои ҳамкориҳои байналмиллалӣ шуд
    Тоҷикистон пештар хостори ҳамкорӣ дар бандари Чобаҳор барои ҳамкориҳои байналмиллалӣ шуд

Хабаргузории Азия-Плюс дар гузорише навишт : Бандари роҳбурдии Чобаҳори Эрон метавонад беҳтарину амнтарин масир барои транзити колоҳои Тоҷикистон бошад .

Ба гузориши ИРНА, хабаргузории Азия-Плюс  дар гузориши худ тасреҳ кард : Теҳрон умедвор аст, ки тавсеаи бандари Чобаҳор ба ин кишвар кумак кунад то ба як масири транзитии калидӣ ба Осиёи марказӣ ва Афғонистони маҳсур дар хушкӣ табдил шавад .
Ин хабаргузорӣ ёдовар шуд Тоҷикистон пештар хостори ҳамкорӣ дар бандари Чобаҳор ба унвони як минтақаи тиҷории бузург барои ҳамкориҳои байналмиллалӣ шуд .
Бандари Чобаҳор, бандаре дар устони Систону Балучистон дар ҷануби шарқии Эрон ва дар каронаи баҳри Аммон воқеъ шудааст . Ин бандар танҳо бандари уқёнусии Эрон аст ва аз ду бандари муҷаззо ба номҳои шаҳид Калонтарӣ ва шаҳиди Биҳиштӣ ташкил шуда, ки ҳар кадом дорои панҷ искила аст .
Азия-Плюс  навишт : Чобаҳор бахши муҳимме аз талошҳои Эрон барои мубориза бо асароти таҳримҳои хориҷӣ аз тариқи афзоиши содироти ғайринафтӣ аст . Бар асоси гузоришҳо колоҳои содиршуда аз устони Систони Балучистон ва Чобаҳор ба беш аз 3.286 миллион тон ба арзиши беш аз 1.187 миллиард доллар дар 9 моҳи соли 2022 расида, ки ба тартиб аз назари ҳаҷму арзиши нисбат ба соли қабл аз он 2.8 афзоиш доштааст .
Афзоиши фаъолияти банодир дар поёнаҳои шаҳиди Биҳиштӣ ва шаҳид Калонтарии Чобаҳор, ки танҳо дарвозаи тиҷории уқёнусии Эрон аст, фурсатҳои содиротиро дар устони Систону Балучистон бештар кардааст

Бештар бихонед:

 

Барчасп