Хисорати 2 миллиондолларии қатъи интернет ба иқтисоди Тоҷикистон
(last modified Thu, 12 Jan 2023 09:03:17 GMT )
Январ 12, 2023 14:03 Asia/Dushanbe
  • Хисорати 2 миллиондолларии қатъи интернет ба иқтисоди Тоҷикистон

Бар асоси баррасии суратгирифта дар соли 2022 қатъии интернет дар Тоҷикистон 2 миллиондоллар хисорат ворид кардааст.

Бар асоси баррасии суратгирифта дар соли 2022 қатъии интернет дар Тоҷикистон 2 миллион доллар хисорат ворид кардааст.

Тоҷикистон дар ҷойгоҳи нӯздаҳуми феҳристи 23 кишваре, ки бештарин осебро аз қатъи интернет мутазаррир шудаанд, қарор дорад.

Бар асоси иттилооти расонаҳо, ба таври куллӣ қатъии интернет дар Тоҷикистон 936 соат (39 рӯз) буда ва беш аз 78 ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар таҳти таъсири ин мавзӯъ қарор гирифтаанд.

Дар ин шохиси солона, тамомии мавориди қобили таваҷҷӯҳи қатъи амдии дастрасӣ ба интернет дар соли 2022 мавриди таҷзия ва таҳлил қарор гирифта ва нишон дода шудааст, ки ин амр то чӣ ҳад ба иқтисод осеб ворид кардааст.

Дар соли 2022, кулли ҳазинаи қатъи интернет барои иқтисоди ҷаҳонӣ 23.79 миллиарддоллар буд, ки 323 дарсад бештар аз соли 2021 аст.