Гуфтугӯи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов- сарони ду кишвар ибтидо ба муносибати 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба якдигар табрик гуфтанд.
Бар асоси ин гузориш меҳвари гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи музокироти марзӣ дар чаҳорчӯби фаъолияти Комиссиюни муштараки дуҷониба барои итмоми раванди аломатгузории хати марз будааст.
Дар маҷмӯъ 625 километр аз хати марзи 960 километрии Тоҷикистон бо Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Аломатгзорӣ нашудани комили марзи муштараки ду кишвар дар таи солиёни гузашта мунҷар ба даргириҳои мусаллаҳона миёни шаҳрвандону низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон шуда, ки садҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст.