Афзоиши содироти маҳсулоти вилояти Хатлон дар соли гузашта
(last modified Sun, 15 Jan 2023 06:26:16 GMT )
Январ 15, 2023 11:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти маҳсулоти вилояти Хатлон дар соли гузашта
    Афзоиши содироти маҳсулоти вилояти Хатлон дар соли гузашта

Масъулои вилояти Хатлон аз афзоиши содироти маҳсулот дар соли гузашта хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон соли гузашта маҳсулоти ин вилоят аз Тоҷикистон ба 7 кишвари ҷаҳон содир шуда аст. Соли гузашта 31 ҳазору 300 тонна пахта, 11 ҳазору 800 тона бофандагӣ, 1200 тонна порча, 418 ҳазору 400 тонна семент, 269 ҳазору 400 тонна ангиштсанг аз вилоят содир шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Хатлон соли гузашта кишоварзони вилоят 23800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ  содир карданд, ки 20000 тонна аз тариқи ҳавоӣ, 3819 тонна ба тариқи роҳи оҳан ба Русия, Афғонистон, Узбакистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Беларус мунтақил шуд.

Ҳамчунин кишоварзони вилоят 4157 тонна пиёз, 330 тонна картошка, 5038 тонна мева ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар содир карданд.