Густариши равобити Тоҷикистон ва Эрон дар бахши дору ва таҷҳизот
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз намояндагони ширкатҳои дорусозии тоҷик ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба маҷлиси олии ин кишвар рушди саноати сохти доруиро аз ҷумла муҳимтарин мавзуъот хонданд ва вазоратхонаҳои марбутаи Тоҷикистонро ба ҷалби сармоягузории мустақим барои эҷод ва роҳандозии корхонаҳои муъосири тавлиди дору, фароварии густардаи гиёҳони доруӣ ва афзоиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти доруӣ мувазаф карда аст.
Намояндагони панҷ ширкати дорусозии Тоҷикистон ба манзури баррасии таҷҳизоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина ба Теҳрон сафар карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳадафи аслии сафари ҳайати тоҷикистонӣ ба Эронро қабл аз ҳарчизе ошноӣ бо тавлидкунандагони маводи доруӣ ва таҷҳизоти пизишкии Эрон боздид аз маҳали тавлиди онҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар ин замина ва эҷоди корхонаҳои муштарак унвон кард.
Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамкории пизишкони ин кишвар ва Эрон дар бахши беҳдошт ва дармон ва ҳифозати иҷтимоъӣ руз ба руз бештар густариш ёфта ва пешбини мешавад, ки равобити ду кишвар дар заминаи дорусози ва таҷҳизоти пизишки низ идома ёбад.
Соли гузашта 540 навъи дору ва 55 ширкати дорусози дар Тоҷикистон тавлид шуд, ки се барбар бештар аз соли 2021 аст.