Тасмими мудирони ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон барои хариди ҳавопаймо
Январ 25, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ҳавопаймо мехарад.
Мудирони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим гирифтанд ҳавопаймои L - 410 аз ширкати «Omnipol» бихаранд.
Музокироте ҳам байни мудирони “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии «Omnipol» -и ҷумҳурии Чехия анҷом шуд.
Тайи он намояндагони ширкати “Omnipol”, ки молики саноеи ҳавопаймосозии L – 410 аст, ҳавопаймоҳои NG ва UVP - E20-ро барои фурӯш ба масъулони “Сомон Эйр” муаррифӣ карданд.
Ин ҳавопаймо барои хутути ҳавоии тиҷорӣ тарроҳӣ шудааст ва илова бар ҳамлу нақли мусофир, метавон аз он барои ҳамли бор низ истифода кард.
Барчасп