Таслияти сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар пайи даргузашти устод Мирзо Муллоаҳмад, пажӯҳишгар ва адиби тоҷик
(last modified 2023-01-26T14:16:47+00:00 )
Январ 26, 2023 19:16 Asia/Dushanbe
  • Таслияти сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар пайи даргузашти устод Мирзо Муллоаҳмад, пажӯҳишгар ва адиби тоҷик

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даргузашти устод Мирзо Муллоаҳмад-пажӯҳишгару адиби саршиноси тоҷик ва раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эронро таслият гуфт .

Ба гузориши ИСНА, дар бахше аз ин паём омадааст:

"Хабари даргузашти нависанда, адиб, пажуҳишгар, эроншинос ва эрондӯсти номошнои тоҷик марҳум Мирзо Муллоаҳмад боиси таассуф ва таассури инҷониб шуд. 

Шодравон,марҳум Мирзо Муллоаҳмад ба унвони узви пайвастаи Академияи улум ва Иттиҳодияи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1381 хуршедӣ раёсати Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эронро низ бар уҳда доштанд ва бидуни тардид нақши мумтозе дар таҳкими пайвандҳои ногусастании Эрону Тоҷикистон ифо намуданд . Бешак бо даргузашти ишон ҷомеъаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои бузурги худро аз даст дод.

Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон