Декабр 14, 2016 15:45 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти Шри-Ланка дидор кард

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ранил Викремесингҳ, сарвазири Шри-Ланка ва раиси парлумони ин кишвар мулоқот намуд.

Ба иттилои сайти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва густаришу тавсеаи минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот оиди дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, саноати туризм ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд.

Дар ин дидор гуфта шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави дуҷониба дар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Шри-Ланка барои тавсеаву таҳкими ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим бозида, ба таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри-Ланка оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат заминаҳои мусоид фароҳам менамоянд.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Парлумони Шри-Ланка Кару Ҷаясурия дидор намуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раиси Парлумони Шри-Ланка пешниҳод дод, то байни ду кишвар гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъсис гардад.  

Ҳамзамон масоили ҳалли фарогири қазияи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонии муштарак дорад, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар стратегияи амниятии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.