Январ 28, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси парлумони Тоҷикистон ба Алҷазоир

Раиси парлумони Тоҷикистон ба Алҷазоир сафар кард.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар раъси ҳайате муташаккил аз намояндагони порлумони ин кишвар ба Алҷазоир сафар кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки сафари ҳайати тоҷикӣ ба даъвати Иттиҳоди порлумонии Созмони Ҳамкории Исломӣ анҷом Ба навиштаи сомонаи Ховар,  дар назар аст, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар кори 17-умин ҷаласаи Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчун майдони фарохи   вокуниш ба чолишҳои замони муосир ва  рафъи оқибатҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷаҳони ислом нақши муҳим дорад. Созмони мазкур 57 мамлакатро муттаҳид менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони ҳамкории исломиро яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намуда, дар таҳкими нақши он дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор мебошад ва баҳри тавсеаи ҳамкории густурда миёни давлатҳои аъзо талош меварзад.

 

Барчасп