Интишори китоби «Забоншиносии тоҷик» дар Аврупо
Январ 28, 2023 18:40 Asia/Dushanbe
Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо мунташир шуд.
Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик»)-ро интишороти илмии муътабари «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston мунташир кард.
Китоби «Tajik Linguistics» аз ҳашт фасл иборат буда, як фасли он ба қалами забоншиноси тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон тааллуқ дорад.
Фаслҳои боқимондаи китобро забоншиносон ва ховаршиносон аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада, Ҷопон, Олмон, Русия ва Эрон таълиф кардаанд.
Китоби мазкур дар шабакаи ҷаҳонии интернет дастрас буда, дар мағозаҳои китоби кишварҳои Аврупо ба фурӯш гузошта шудааст.
Барчасп