Мулоқоти раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо сафири Ҷопон дар Душанбе
Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо сафири Ҷопон дар Душанбе дидору гуфтугу кард.
Исмоили Муҳаммадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо Туши Ҳируойки, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор роҳи тавсеаи ҷудо дар Тоҷикистон барраси шуд.
Таъкид шуд, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тасмим дорад 5 маркази олампики ҷудо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Бохтар ва Хоруғ эҳдос кунад.
Ҳамзамон музокирот барои имзои қарордод бо мутахассисони ҷудои Ҷопон барои омодасозии тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои олампиадаи Порис 2024 ва Лос Анҷелес 2028 идома дорад.
Туши Ҳируойки нисбат ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ҳимоят аз ибтикорот бо ҳадафи ирқтиқои арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷудо ибрози этминон кард.