Кашфи конҳои ҷадиди тилло дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 02 Feb 2023 07:05:49 GMT )
Феврал 02, 2023 12:05 Asia/Dushanbe
  • Кашфи конҳои ҷадиди тилло дар Тоҷикистон

Раиси Идораи марказии заминшиносии Тоҷикистон аз кашфи конҳои ҷадид хабар дод.

Сардори Саридораи геологияи кишвар Илҳомҷон Оймуҳаммадзода гуфт, конҳои нав дар қисмати марказии Тоҷикистон ва ВМКБ ҷойгир буда, захираҳои онҳо пас аз таҳқиқоти дахлдор дақиқан муайн карда мешаванд.

Ҳамзамон Оймуҳаммадзода қайд кард, ки ғайр аз ин, дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин дар масофаи умумии 52,5 километр 13 қитъаи тилои рехта ошкор шуда, ба Вазорати молия ҷиҳати додани иҷоза ба аҳолӣ барои гирифтани он пешниҳод шуд.

Пеш аз ин вазорати саноати Тоҷикистон аз вуҷӯди захоири бузурги тилло дар ин ҷумҳурӣ хабар дода буд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70 дарсади ҳиссааш ба ин корхона рост меояд.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истихроҷи тило машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ “Зарафшон”, КМ “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, корхонаи заршӯйӣ (артел)-и “Одина”, инчунин ширкати “Пакрут”мебошанд.

Соли гузаштаи милодӣ ширкати чинии «TBEA» тавсеаи ду кони тилло воқеъ дар минтақаи Айнии вилояти Суғди Тоҷикстонро оғоз кард.