Муҷозоти ҳабси абад барои қотил дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон
Қотили ду фаррош дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Азия Плюс, Саҳобиддин Мунавварзода, фарде ки ба ҷурми қатли ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич дастгир шуда буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд .
Ин матлабро хабаргузории Азия-Плюс бо шора ба Қосим Зокиров, падари яке аз занони кушташуда ва як манбаи дигар аз додгоҳи вилояти Суғд гузориш кардааст .
Бар асоси иттилооти мавҷуд ин ҳукмро 30 январ додгоҳи вилояти Суғд содир кард.
Умеда Зокироваи 45 сола ва Вориса Фозилова 56 сола ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич дар 17 июли 2022 дар маҳали кори худ бо зарбаҳои корд кушта шуданд.
Дар ин ҷиноят Саҳобиддин Мунавварзода, коршиноси Идораи замини минтақа ба унвони гумонбари аслии қатл дастгир шуд .
Қосим Зокиров,падари Умеда Зокирова гуфт : Додрасҳои додгоҳи вилояти Суғд парвандаи қатлро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан баррасӣ карданд ва дар ниҳоят Саҳобиддин Мунавварзода бо такия ба банди дувуми модаи 104 қонуни ҷазоии Тоҷикистон гунаҳгор шинохта ва ба ҳабси абад маҳкум шуд.