Феврал 06, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Сурия
    Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Сурия

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Сурия паёми таслият ирсол намуданд.

Ҷаноби олӣ, хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои сангин ба Шумо, ҷаноби раиси ҷумҳур ва тамоми мардуми дӯсти Сурия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро изҳор намуда, ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.

Барчасп