Афзоиши 46 дарсадии дороиҳои Амонатбонки Тоҷикистон
Дороии бонки давлатии « Амонатбонк »-и Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 43 дарсад афзоиш ёфт ва ба 6 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, суди холиси « Амонатбонк » дар соли гузашта ҳудуди 102 миллион сомонӣ буда, ки нисбат ба соли 2021 ҳудуди 53 дарсад афзоиш доштааст .
Ҳайати мудираи ин бонк дар нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора иттилоъ дод .
Ба гуфтаи ин манбаъ маҷмӯи дороиҳои бонк бо 45 дарсад афзоиш ба 6.3 миллиард сомонӣ расид .
Қарзҳои ин бонк 5.6 миллиард сомонӣ баровард шудааст .
Ин бонк ҳамчунин дар 12 моҳи гузашта 85 миллион сомонӣ молиёт ба хазинаи даромадҳои умумии Тоҷикистон ворид кардааст.
Ҳамчунин Амонатбонк ба ҳудуди 25 ҳазор бунгоҳи иқтисодӣ, 784 ҳазор нафақахур ва 1.8 миллион супурдагузор хадамот ироа кардааст .
Теъдоди коркунони ин бонки давлатӣ 3000 нафар аст .