Феврал 08, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми 50 имдодгар аз Тоҷикистон ба Туркия
    Эъзоми 50 имдодгар аз Тоҷикистон ба Туркия

50 имдодгар ба дастури раисҷумҳӯри Тоҷикистон ба Туркия эъзом мешаванд.

Ба гузориши Садои Хуросо, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, 50 нафар аз имдодгарони Кумитаи вазъи изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон барои коҳиши паёмадҳои заминларза озими Туркия мешаванд.

Имдодгарони тоҷик бо маҷмуаъе аз таҷҳизоти вижаи имдод ва наҷот барои ироаи кумак барои коҳиши авоқиби заминларза дар Туркия эъзом мешаванд.

Ин гурӯҳи муташакил аз имдодгарони муҷриб, ҷарроҳ ва мутахасиси уртупед аст.

Ҳамроҳ бо тими имдод ва наҷот, кумакҳои аввалияи башардӯстонаи лозим аз тарафи давлати Тоҷикистон ба Туркия низ ирсол хоҳад шуд.

Барчасп