Вуқуъи беш аз 100 рониши замин пас аз заминҷунбиҳои ахири Туркия
(last modified Tue, 28 Feb 2023 13:40:30 GMT )
Феврал 28, 2023 18:40 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи беш аз 100 рониши замин пас аз заминҷунбиҳои ахири Туркия
    Вуқуъи беш аз 100 рониши замин пас аз заминҷунбиҳои ахири Туркия

Донишмандон бо истифода аз тасовири моҳвораӣ беш аз 100 рониши заминро пас аз заминҷунбиҳои ахири Туркия шиносоӣ карданд.

Заминҷунбиҳои маҳиби рузи 6 феврал, ки бахшҳои аз Туркия ва Сурияро ларзонд илова бар даҳҳо ҳазор ҷонбохта хисоратҳои зиёди низ барҷой гузошт, тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки заминларзаҳои ахир дар Туркия боиси шикоф ва ҷобаҷоӣ сатҳи замин дар бархе манотиқ шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории Такнок, донишмандон бо баррасии тасвирҳои моҳвораӣ аз ронишҳои замин дар манотиқи зилзилазадаи Туркия хабар медиҳанд.

Бар асоси ин гузориш тими мустақар дар марокизи парвозҳои фазоӣ Годреди Носо бо истифода аз додаҳои бо вузуҳи боло беш аз 100 мавриди рониши заминро шиносоӣ карданд, ки чандин маврид аз ин ронишҳо дар дараи наздикии минтақаи Сорискӣ шиносоӣ шуда аст.

Идораи балоҳои табиъи дар бахши улуми замини Носо таҳавулоти марбут ба заминҷунбиҳо ва паёмадоҳи онҳоро барраси ва додаҳои ба даст омадаро бо ниҳодҳо ва созмонҳои марбута ба иштирок мегузорад то бо арзёбии ин додаҳо аз хатароти баъди дар манотиқи ҳодиса дида пешгири шавад.