Сохти дувумин корхонаи фаровардаҳои мис ва нуқра дар ноҳияи Истиқлоли вилояти Суғд
Дувумин корхонаи фаровардаҳои мис ва нуқра дар ноҳияи Истиқлоли вилояти Суғд сохта мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкати маъдани саноатии Тоҷикистон ва Чин сохти дувумин корхонаи фаровардаҳои худро дар ноҳия Истиқлоли вилояти Суғд оғоз кард.
Дар ин ширкат мис, сурб ва нуқра фаровари хоҳад шуд, гуфта мешавад бо ифтитоҳи ин корхонаи саноати барои 150 нафар шуғ эҷод мешавад.
Ба гуфтаи вай масъулони ширкати маъдани саноатии Тоҷикистон ва Чин муддати якунимсол ин тарҳро омодаи баҳрабардори хоҳанд кард.
Ҳазинаи сохти ин корхонаи фаровари 50 миллион доллар аст.
Ширкати маъдани саноатии Тоҷикистон ва Чин як ширкати муштараки фароварии маводи маъдани аст, ки аз соли 2012 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.