Ширкати 160 тоҷири рус дар ҳамоиши муштараки тиҷории Тоҷикистон ва Русия
(last modified Wed, 15 Feb 2023 06:30:59 GMT )
Феврал 15, 2023 11:30 Asia/Dushanbe
  • Ширкати 160 тоҷири рус дар ҳамоиши муштараки тиҷории Тоҷикистон ва Русия
    Ширкати 160 тоҷири рус дар ҳамоиши муштараки тиҷории Тоҷикистон ва Русия

160 тоҷири рус дар ҳамоишии муштарки тиҷории Тоҷикистон ва Русия ширкат мекунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар авоили март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудрияти амволи давлатии Тоҷикистон гуфт: Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Русия барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди  байни давлатӣ дар чорчӯби сафари Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ба Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Вай афзӯд: Русия яке аз шуракои аслии Тоҷикистон аст ва тибқи омори расмӣ, соли гузашта 26. 4 милллион доллар Русия дар Тоҷикистон сармоягузори кардааст.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон изҳор кард: Ҳамчунин даҳҳо ширкати санъатии муштарак, зерсохтҳои мухталиф ба вижа муъасисоти омӯзишӣ бо ширкати санъатии мушорикати сармояи Русия дар Тоҷикистон эҳдос шудааст.

Саъдӣ Қодирзода афзӯд: Дар чорчӯби ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Русия, маҳофили тиҷори ва бозаргонии дукишвар мавзӯъоти муҳими тақвияти ҳамкориҳои муртабит бо рушди тиҷорат ва сармоягузориро матраҳ кунанд.