Феврал 15, 2023 20:34 Asia/Dushanbe
  • Кӯлоб - пойтахти фарҳангии Созмонии исломии омӯзиш ва илму фарҳанг
    Кӯлоб - пойтахти фарҳангии Созмонии исломии омӯзиш ва илму фарҳанг

Шаҳри Кӯлоб ба унвони пойтахти фарҳангии Созмони исломии омӯзиш, илму фарҳанг дар соли 2024 пешниҳод шуд.

Ин матлаб дар таърихи 14 феврал дар нишасти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ дар мавриди масоили илмӣ, омӯзиш ва фарҳанг дар Душанбе ироа шуд.

Ин пешниҳод дар нишасти ояндаи Созмони исломии омӯзиш, илму фарҳанг дар май то июни соли ҷорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

 

Барчасп