Бонки Миллии Тоҷикистон далели афзоиши қимат дар соли гузаштаро эълом кард
-
Иллати таваррум ва афзоиши нарх
Мудирони Бонки Миллии Тоҷикистон таҳримҳои Ғарб зидди Русияро далели афзоиши қимат дар соли гузашта эълом карданд.
Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод, афзоиши қиматҳо дар ин кишвар бештар дар моҳҳои март то май будааст.
Таъкид шуд, ки дар ин моҳҳо қиматҳо дар Тоҷикистон беш аз 3 дарсад афзоиш ёфт.
Дар соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ 5. 2 дарсад, колоҳои ғайрихӯрокӣ 4 дарсад ва хадамоти пулӣ ба мардум 1. 9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин нархи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 4. 2 дарсад буда, ки нисбат ба соли қабл 3. 8 дарсад коҳиш доштааст.
Русия шарики аслии тиҷории Тоҷикистон аст ва солона садҳо ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар барои имрори маош ба Русия мераванд.
Пулҳои интиқолдодашудаи муҳоҷирон яке аз авомили аслии тазмини суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст.