Содироти ду миллиард долларии маҳсулоти саноъатии Тоҷикистон дар соли 2022
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i98480-Содироти_ду_миллиард_долларии_маҳсулоти_саноъатии_Тоҷикистон_дар_соли_2022
Тоҷикистон дар соли гузашта муваффақ ба содироти маҳсулоти саноъатӣ ба арзиши беш аз ду миллиард доллар шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 16, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Содироти ду миллиард долларии маҳсулоти саноъатии Тоҷикистон дар соли 2022

Тоҷикистон дар соли гузашта муваффақ ба содироти маҳсулоти саноъатӣ ба арзиши беш аз ду миллиард доллар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳриддин Сироҷиддинзода-мудири Созмони содироти вобаста ба давлати Тоҷикистон имрӯз панҷшанбе эълом кард,ки ин кишвар дар соли гузашта муваффақ ба содироти маҳсӯлоти саноъатӣ ба арзиш беш аз 2 миллиарду 88 миллион доллар шуда, ки ин мизон дар муқоиса бо як соли пеши 1.2 дарсад камтар шудааст .
Бар асоси ин гузориш бахши умдаи содироти маҳсӯлоти саноъатии Тоҷикистонро канданиҳои фоиданок ( 34/1 дарсад ), фулуззоту сангҳои гаронқимат ( 24/7 дарсад ),пахта ( 9/1 дарсад ), алюминий ( 7/1 дарсад ) ва барқ ( 4/9 дарсад ) ташкил медиҳад .