Феврал 17, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
  • Таваҷҷуҳи раисҷумҳур ба таҷҳизи артиш дар нишасти Шурои амнияти Тоҷикистон
    Таваҷҷуҳи раисҷумҳур ба таҷҳизи артиш дар нишасти Шурои амнияти Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони сохторҳои низомӣ дастур дод, дар таҷҳизи муҷаддади артиш иқдом кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони сохторҳои низомии ин кишвар дастур дод то бо тавваҷуҳ ба вазъияти нопойдори минтақа, муҷаҳҳазсозии дубораи артишро суръат бахшанд.

Тибқи иттилоияи бахши матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Э.Раҳмон ин дастурро зимни нишасти Шурои амнияти кишвар содир кард.

Ӯ ҳамчунин хост то тайи соли ҷории мелодӣ 70 таъсисоти марзии ҷадид ки дар ҳоли сохт аст, такмил шавад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни арзёбии вазъияти ҷаҳону минтақа таъкид кард, ки масоили муқобила бо таҳдидоти замони кунунӣ ва ба хусус терроризму ифротгароӣ аҳамияти рӯзафзуне касб кардааст.

Ӯ дар ин росто, хостори ташдиди иқдомот аз сӯи ниҳодҳои амниятиву низомӣ дар ҷиҳати амалисозии стратегияи муқобила бо терроризму ​​ифротгароӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 шуд.

 

 

 

Барчасп