Ҷон бохтани 16 нафар бар асари бориши барфи сангин дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 20 Feb 2023 13:40:59 GMT )
Феврал 20, 2023 18:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 16 нафар бар асари бориши барфи сангин дар Тоҷикистон
    Ҷон бохтани 16 нафар бар асари бориши барфи сангин дар Тоҷикистон

Резиши тарма ба сабаби бориши барфи сангин дар минтақаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон 16 кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кард, ки суқути тарма дар рустои Гажак дар минтақаи Шугнов ба кушта шудани як духтари 16 сола мунҷар шуд ва теъдоди талафоти бориши сангини барфи ахир дар минтақаи Бадахшонро ба 16 нафар расонд 12 нафар низ маҷруҳ шуданд.

Умед Юсуфи сухангуи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикисон гуфт: 69 ҳодисаи суқути тарма ба хотири бориши зиёди барф дар минтақаи Бадахшон рух дод ва ҳадиақал 36 бино аз ҷумла бинои консулгарии маҳалии Афғонистон низ осеб диданд.

Гузоришҳо ҳоки аз он аст, ки марҳалаи наҷот ва амалиёти ҷустуҷу дар манотиқи барфии Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли анҷом аст ва хатари резиши тарма мунҷар ба баста шудани роҳҳои маркази вилояти Бадахшони ва Хоруғ ба Душанбе шуда аст.

Ситоди кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегуяд: 27 маврид резиши тарма дар бархе нуқоти бузургоҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак ва 14 резиши тарма дар манотиқи Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод дар дараи Рашт шарқи Тоҷикистон рух дода аст ин ситод ҳушдор дод, ки афзоиши дамо хатари резиши тармаро афзоиш дод ва ба мардум тавсия мекунад, ки ба манотиқи куҳистони нараванд.