Феврал 21, 2023 12:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2 баробарии сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон гуфт : Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар дар соли гузашта нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 милодӣ 1.9 баробар афзоиш доштааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саъдии Қодирзода дар нишасти матбуотӣ аз афзоиши мизони сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар хабар дод .
Бинобар суханони вай соли 2022 дар муқоиса бо соли 2021 Тоҷикистон 1.9 баробар бештар сармоягузории мустақими хориҷӣ дарёфт карда ва беш аз 100 санади ҳамкорӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 32 миллиард сомонӣ имзо кардааст .
Қодирзода хотирнишон кард : Соли гузашта дар чорчӯби ҳамоишҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, ки бо маҳофили сармоягузорӣ ва тиҷории кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Миср, Белгия, Чин, Туркия, Узбекистон,،Кореяи ҷанубӣ, Русия, Беларус, Амрико, Арабистони саъудӣ баргузор шуд, барномаи ҳамкориҳо ҳамоҳанг шуданд .
Ҳамчунин дар соли 2022 дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон ҳамоишҳои минтақаӣ созмондиҳӣ ва баргузор шуданд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп