Феврал 22, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
  • Банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Тоҷикистон

Банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» аз нима дуввуми соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши сомонаи Ховар, нимаи дуввуми соли 2023 филмбардории маҷмуаи «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мешавад.

Ин матлаб дар нишасти маҷозии намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва  Агентии миллии «Узбеккино» эълом шуд.

Дар ин нишаст масъалаҳои ба итмом расонидани корҳои таҳрири филмнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоб ва оғози филм изҳори назар карда шуд.

Дар сафари расмии Шавкат Мирзиёев(10-11 июни соли 2021), раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон таҳияи «Ҷомӣ ва Навоӣ»  тавофуқ шуд.

Муҳтавои асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама, бозгӯи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, инчунин таҷассуми дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад.

 

Барчасп