Кумаки 50 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди кайфияти омӯзиш дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Feb 2023 06:35:43 GMT )
Феврал 27, 2023 11:35 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 50 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди кайфияти омӯзиш дар Тоҷикистон
    Кумаки 50 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди кайфияти омӯзиш дар Тоҷикистон

Шӯрои мудирони иҷроии Бонки Ҷаҳонӣ санади 50 миллион доллар ба Тоҷикистон барои иҷрои пружаи бебӯди кайфияти тадрис ва омӯзиш дар системи омӯзиши мутаваситаи ин кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Шӯрои мудирони иҷроии Бонки Ҷаҳонӣ санади ироаи кумаки молӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи бебӯди кайфияти омӯзиш дар ин кишварро ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин санад, Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои пружаие дар заминаи беҳбуди кайфияти омӯзиши мутавасита аз анҷумани тавсиаи байналмиллалӣ (  узви гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ) ба Тоҷикистон кумаки било авази 50 миллион доллари ироа медиҳад.

Дар баёнияи ин Созмон дар ин хусус омадааст: Алирағми инки дастрасӣ ба омӯзиши мутаваситаи умумӣ дар Тоҷикистон болост ва пушиши он дар соли 2019 мелодӣ 96.6 дарсад будааст, аммо кайфияти омӯзиш ҳамчунон поин аст.

Дар чорчӯби ин пружа як системи ҷадиди миллии тадрис ва омӯзиши тадвин  ва муаррифи, маблағе лозим барои бозсозӣ ва навсозии мадорис бо ҳадафи афзоиши теъдоди килосҳои дарсӣ, ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мудерн, ироаи таҷҳизот ва густариши фурсатҳо барои мутолеъаи мавзӯъот бо ҳадафи таъмини донишомӯзони Тоҷикистон бо маҳоратҳои мудерни мавриди ниёз дар қарн бистуякум, ироа мешавад.

Афзоиши зарфияти Тоҷикистон барои анҷоми арзёбиҳои миллӣ ва байналмиллалии муҳим барои  расади натоиҷи омӯзиши донишомӯзон ва дарёфти додаҳои қобили эътимод барои итилоърасонии сиёсатҳо ва тасмимгириҳо аз дигар мозиёи ин пружа ба шумор меравад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 24 пружаро дар Тоҷикистон ба арзиши 1.54 миллиарл доллар сармоягузори мекунад. Аз соли 1996, Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 2.72 миллиард доллар ба унвони кумакҳои било авази анҷумани тавсиаи байналмиллалӣ, қарзҳои имтиёзӣ ва Сандуқиҳои ҳадафманд ба Тоҷикистон ироа кардааст.