Март 04, 2023 12:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Эрону Тоҷикистон бар тадвини донишномаҳои муштараки адабиёту фарҳанг

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо раиси Маркази доиратулмаъорифи бузурги исломии Эрон эҷоди ҳамкорӣ байни ниҳодҳои илмии ду кишвар баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Низомиддин Зоҳидӣ-сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Козими Мӯсавии Буҷнурдӣ-раиси Маркази доиратулмаъорифи бузурги исломии Эрон дидору гуфтугу кард .
Дар ин дидор дар хусӯси густариши ҳамкории байни ниҳодҳои илмии Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Эрон ва истифода аз фурсатҳои мавҷуд барои анҷоми пружаҳои илмии муштарак ба вижа дар заминаи тадвини донишномаҳои муштараки забону адабиёт ва таъриху фарҳанги ду кишвар таъкид шуд .
Дар поёни ин дидор сафири Тоҷикистон 6 ҷилд аз Доиратулмаъорифи фарҳангро ба китобхонаи Маркази доиратулмаъорифи бузурги исломии Эрон эҳдо кард.
 

 

Барчасп